Анҷоми мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо

Ноябрь 29, 2011 16:11

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дар давоми ду рӯз дар маҷмааи варзишии навбунёди “Моҳи нав”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии самбо барои дарёфти ҷоизаи шодравон Саидмӯъмин Раҳимов баргузор шуд. Дар ин мусобиқа, ки бори дуввум гузаронида мешавад, тақрибан 150 паҳлавон аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва танҳо се нафар паҳлавон аз Қазоқистон ширкат карданд. Ба ин мусобиқа мебоист тибқи даъват паҳлавонони Афғонистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Эрон низ ширкат мекарданд , вале онҳо ба мусобиқа ҳозир нашуданд. Дар натиҷа Акмалиддин Каримов (Душанбе, 52 кг), Хушқадам Хисравов (ВМКБ, 57 кг), Миралӣ Муҳибуллоев (Хатлон, 62 кг), Мустафо Ҳасанов (Душанбе, 68 кг ), Нусрат Имомов (Хатлон, 74 кг), Зайналобиддини Аъзам (Хатлон, 82 кг), Ҷумъахон Назриев (Хатлон, 90 кг), Фирдавс Орифов (Душанбе, -100 кг), Зиёратшо Баротов (Душанбе, +100 кг) дар вазнҳои худ ғолиб омада, бо медал ва тӯҳфаҳои таъсисшудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсиюни самбои мамлакат сарфароз гардонида шуданд. Ҷоми ёдбуд ба Фирдавс Орифов, ки дар вазни то 100 кг ғолиб омад, супорида шуд, зеро Саидмӯъмин Раҳимов соли 1975 маҳз дар ҳамин вазн чемпиони ҷаҳон гашта буд.

Ноябрь 29, 2011 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!