Анҷоми тамринот дар Қайроққум

Ноябрь 4, 2011 14:52

Душанбе, 4 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар шаҳри Қайроққум машқҳои амалии гурӯҳҳои миллии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон /ҶҲАТ/ оид ба вокуниш ба офати табиӣ (NDRT)   анҷом ёфт. Иштирокдорони ин давра муддати ду рӯз дониш ва маҳорати худро дар мавриди вокуниши сареъ ба офатҳои табиӣ такмил намуданд. Ин чорабинӣ бо ибтикори ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар /ФБҶ СС ва ҲА/, мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Қайроққум  бо маблағгузории ФБҶ СС ва ҲА гузаронида шуда, 70 нафар аз кормандону ихтиёриёни бахшҳои минтақавии ҶҲАТ дар Душанбеву Хатлон, Суғду Бадахшон ва водии Рашт дар ин тамринот омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ, баҳодиҳӣ, таъмин бо паноҳгоҳ, барқарорсозӣ, ҳамоҳангсозӣ, расонидани ёрии аввал ва логистикаро  омӯхтанд. Эрик Мишел-Селйе, фиристодаи ФБҶ СС ва ҲА дар Тоҷикистон ва Зафар Муҳаббатов, дабири кулли ҶҲАТ мегӯянд, ки  баргузории ин чорабинӣ имконияти воқеии омӯзишӣ ва қадами устувореро  барои табодули таҷриба ва дониш ба вуҷуд овард.     Иштирокдорони давра ҳамчунин бо сохтори бахши мудирияти офатҳои ФБҶ СС ва ҲА, истилоҳоти соҳа ва ташреҳоти онҳо, василаҳои ФБҶ СС ва ҲА барои вокуниш ба офатҳои табиӣ шинос гардиданд.

Ноябрь 4, 2011 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд