Аввалин сокинони қасабаҳои нав муайян шуданд
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз заминҳои қасабаҳои 1-ум ва 2-юми шаҳри Хуҷанд барои сохтмони манзил дар ҳузури соҳибони ояндаашон – аввалин сокинони ин минтақаи доманакӯҳ тақсим гардиданд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов онҳоеро, ки дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди Қурбон соҳиби сертификат ва қитъаи замин шуданд, табрик намуд ва изҳори умед кард, ки бо бунёди садҳо хонаҳои истиқоматӣ, иморатҳои хуштарҳу зебо, марказҳои савдою хизматрасонии маишӣ, майдончаҳои варзишӣ, бо кӯчаҳои васею чароғон ва канорашон сердолу дарахт ин мавзеи хушбоду ҳаво ба як гӯшаи сабзу хуррам ва дилрабои шаҳри Хуҷанд табдил хоҳад ёфт.Дар ин мавзеъ 49,2 гектар замин барои тақсимот ба аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Дар рӯзи аввали тақсими қитъаи замин 127 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд ва рӯзҳои наздик аз ҳамин мавзеъ боз 70 нафар қитъаи заминро соҳиб мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






