Ба фаъолияти «Бонк барои бонк» дар Тоҷикистон як сол пур шуд

Ноябрь 11, 2011 15:22

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Моҳи октябри соли равон ба фаъолияти Барномаи комплексии хизматрасонии муассисоти молиявии «Бонк барои бонк», ки бо ташаббуси бонки маъруфи ФР «Новинкомбанк» ҷорӣ гардида буд, як сол пур шуд.Амалӣ намудани принсипи фазои ягонаи ҳисоббаробаркунӣ дар ҳудуди ИДМ, ширкати фаъол дар бозори молиявии Русия, ИДМ ва мамолики назди Балтик, ташаккули инфрасохторҳо ҷиҳати таъмини талаботи мизоҷон дар минтақаҳои калидӣ аз мақсад ва вазифаҳои асосии Барномаи мазкур маҳсуб меёбад.Дар чаҳорчӯби фаъолияти Барномаи мазкур то имрӯз тибқи маълумоти «Новикомбанк» шумораи мизоҷон дар бозори қарзҳои байнибонкии форекс ба 300 ва амалиёти банкнотӣ ба 118 расидааст. Лоро-мухобирони «Новикомбанк» 60 муассисаи молиявиро ташкил дода, бақияи суратҳисобҳои онҳо ба 2 млрд. рубли русӣ расидааст. Майдони лимитӣ барои амалиёти қарзҳои байнибонкӣ ба миқдори 12 млрд. рубли русӣ зиёд гаштааст.Аз Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА ҶТ «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки «Амонатбонк»  панҷ моҳ боз бо «Новикомбанк» дар самти хизматрасониҳои ҳисобҳои мултиасъорӣ, амалиёти амонатӣ ва мубодилавӣ, амалиёти банкнотӣ ва амалиёти ҳуҷҷатӣ ҳамкорӣ менамояд. Раванди начандон тӯлонӣ, аммо хеле самарабахши ҳамкориҳо бо ин ташкилоти молиявӣ нишон дод, ки амалӣ гаштани барномаи «Бонк барои бонк» барои бонкҳои Тоҷикистон аз манфиат холӣ нест. 

Ноябрь 11, 2011 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд