Ба хотири рушди соҳаи кишоварзӣ
Хоруғ, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Бо ибтикори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Барномаи ҷонибдории рушди иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистони Бунёди Оғохон дар бинои меҳмонхонаи «Дӯстӣ» — и шаҳри Хоруғ семинари машваратӣ баргузор шуд. Дар семинар олимони Пажӯҳишгоҳи биологии Помир, Донишгоҳи шаҳри Хоруғ, намояндагони кишоварзони Ҷумҳурии исломии Афғонистон ширкат доштанд. Мурод аз роҳандозии семинар рушди кишоварзӣ дар Бадахшони ду соҳили дарёи Панҷ буд. Аз ин хотир сухан асосан аз таҷрибаи кишти тухмиҳои гуногун дар ин мавзеъ ва натиҷаҳои он мерафт. Аз суханронии нотиқон маълум шуд, ки чанд соли охир дар ҳудуди ин ду вилояти ҳаммарз тухмии зироатҳои гуногун, аз қабили гандум, картошка, зироатҳои полезӣ аз санҷиш гузашта ва натиҷаи хуб ҳам додааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






