Ба истифода додани мактабу дармонгоҳ
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ – октябри соли 2011 барои 11 ҳазору 245 ҷойи нишаст мактабҳои таҳсилоти умумӣ сохта ба истифода дода шудааст,- иброз доштанд дар Агентии омори назди Президенти ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат дар вилояти Хатлон барои 7639 ҷойи нишаст, дар вилояти Суғд – 1110, дар шаҳри Душанбе – 320 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) барои 2176 ҷойи нишаст синфхонаҳо сохта ба истифода дода шуданд.Дар моҳҳои январ – октябри соли ҷорӣ ҳамчунин дар вилояти Суғд дармонгоҳ барои 465 ҷойи қабули беморон дар як баст сохта ба истифода дода шудааст. Дар минтақа инчунин як беморхонаи дорои 86 кат мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






