Барномаи бахши ВИЧ/СПИД анҷом меёбад
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). – Дар Тоҷикистон лоиҳаи чорсолаи минтақавии «Дастрасӣ», ки мақсад аз он саъю кӯшишҳои якҷоя дар бахши ВИЧ/СПИД дар Осиёи Марказӣ мебошад, анҷом меёбад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар намояндагии Созмони ғайриҳукуматии башардӯстонаи Ҳоланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, мақсад аз ин лоиҳа густариши дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба хизматрасонӣ ҷиҳати ҷилавгирии ВИЧ/СПИД буд.Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Дастрасӣ» бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд дар ноҳияҳои таҷрибавии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар давраи аз соли 2008 то соли 2011 татбиқ шуда буд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






