Баромади Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳ.Зарифӣ дар Конфронси Истанбул оид ба Афғонистон

Ноябрь 3, 2011 08:36

Баромади Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Конфронси Истанбул оид ба Афғонистон “Амният ва ҳамкорӣ дар Қалби Осиё”Истанбул, 2 ноябри соли 2011Мӯҳтарам Раиси маҷлис,Мӯҳтарам иштирочиён,Қабл аз ҳама, мехоҳам ба Ҳукумати Туркия ва дигар ҷонибҳои саҳмгузор барои созмондиҳии олии ин нишаст сипосгузорӣ намоям.Мо боварӣ дорем, ки нишасти имрӯза марҳилаи муҳиме дар роҳи барқарорсозии сулҳ ва амну субот, инчунин эҳёи шароитҳои мусоид баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон хоҳад буд. Ҷониби тоҷикистонӣ моҳият ва ҳадафи конфронсро, ки дар санади хотимавӣ инъикос гардидаанд, пуштибонӣ мекунад. Итминон дорем, ки қарорҳои зимни нишаст қабулшаванда ба манфиатҳои аслии Афғонистон ҷавобгӯ хоҳанд буд ва барои ба даст овардани сулҳу рушди устувор дар минтақаи “Қалби Осиё” нигаронида шудаанд.Ҳоло мо дар давраи тақдирсоз дар таърихи Афғонистон қарор дорем. Аз як тараф комёбии муайян дар фаъолияти зиддитеррористии қудратҳои ҳукуматӣ ва нерӯҳои байналмилалии амниятӣ ба назар мерасад, аз ҷониби дигар нерӯҳои тахрибкор тариқи содир кардани амалиётҳои террористӣ воқеан сулҳу суботро дар кишвар коста сохта, байни миллатҳои Афғонистон тафриқа меандозанд, то дар айни хуруҷи нерӯҳои беруна давлат ба ҷанги фарогири шаҳрвандӣ ҷалб карда шавад. Возеҳ аст, ки мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории муташаккил истифодаи нерӯи ҳарбиро тақозо мекунад. Бо дарназардошти зарурати рушди захираҳои инсонӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбии Афғонистон, мо бори дигар омодагии худро дар мавриди минбаъд ҳам пешкаш намудани имкониятҳои марказҳои омӯзиши сарҳадчиён, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Коллеҷи минтақавии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, тасдиқ мекунем. Дар айни замон Тоҷикистон ба омодакунии кадрҳои соҳибихтисос барои эҳтиёҷоти шаҳрвандии Афғонистон саҳми фаъол мегузорад. Имрӯз мо пешниҳод дорем, то дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази гуногунсоҳаи касбӣ-техникӣ баҳри омӯзонидани мутахассисон барои ниёзҳои хоҷагии халқи Афғонистон бунёд шавад ва аз ҷомеаи байналмилалӣ ҷиҳати мусоидат дар татбиқи ин лоиҳа даъват ба амал меорем. Мо таклиф менамоем, ки ба мардуми афғон дар ҳалли мушкилоти таъмини захираҳои обӣ ва барқарорсозии низоми обёрии кишвар кӯмак расонида шавад. Тоҷикистон салоҳдиди сохтмони шабакаи нерӯгоҳҳои обию барқиро барои ҷамъоварии захираҳои обӣ ва азхудкунии заминҳои нав дар Афғонистон тариқи амалисозии низомҳои обёрӣ дар ин майдонҳо бори дигар таъкид мекунад. Муҳтарам ҷаноби Раис,Ҷалби Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ аз тариқи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя омили муҳими таъмини устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Мо боварӣ дорем, Конфронси панҷуми минтақавии ҳамкориҳoи иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCА V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе зери сарпарастии ташаббуси Роҳи Нави Абрешим барпо мегардад ва дар ҳошияи он анҷумани соҳибкорон ва ҳамоиши олимону муҳаққиқон сурат мегирад саҳми арзандае ба ин раванд хоҳад гузошт. Тоҷикистон татбиқи тамоми лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавиро дар соҳаҳои коммуникатсия ва нақлиёт, ки Афғонистонро дарбар мегиранд, пуштибонӣ менамояд. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Афғонистонро панҷ пули автомобилгард аз болои дарёи Панҷ бо ҳам мепайвандад, сохтмони як пул дар ноҳияи Шӯрообод шурӯъ шудааст, сохтмони ду пули дигар дар мавзеъҳои Кокул ва Айваҷ дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Роҳи оҳан байни Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ омӯхта шудааст ва ба иқдомҳои амалии мушаххас ниёзманд аст. Ин масир дар оянда ба хати роҳи оҳани аллакай сохташудаи Ӯзбекистон-Афғонистон ва ҳамчунин ба роҳҳои дар назарбудаи Туркманистон-Афғонистон ва Эрон-Афғонистон мепайвандад. Интизор меравад, ки масири номбурда дар оянда ба чорроҳаи муҳими транзитӣ мубаддал мегардад ва гардиши молу колоро миёни кишварҳои минтақа ба маротиб зиёд карда, даромади буҷаи Афғонистонро ба миқдори қобили таваҷҷӯҳ афзун хоҳад сохт.Дар бобати таъмини Афғонистон бо қувваи барқ, боиси хушнудист, ки охири моҳи октябри соли равон ифтитоҳи расмии хати интиқоли барқи 220 кВ аз НОБ Сангтуда-1-и Тоҷикистон то шаҳри Пули Хумрии Афғонистон анҷом ёфт ва он имкони интиқоли қувваи барқи арзонро ба Афғонистон фароҳам меоварад. Лоиҳаҳои транзитии хатҳои интиқоли барқи баландшиддатро аз тариқи Афғонистон бояд махсус зикр кард. Дар ҳоли ҳозир мо татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро, ки ҳалли мушкили норасоии барқ дар Афғонистону Покистон ва интиқоли қувваи барқи изофии арзонро аз Қирғизистон ва Тоҷикистон дарбар мегирад, ҳамчун муҳимтарин лоиҳа арзёбӣ мекунем ва онро байни лоиҳаҳои авлавиятдори Конфронси Истанбул ҷойгир намудем.Ҳамкасбони гиромӣ,Дар охир мехостам диққати шуморо ба масъалаи, ба андешаи мо, ниҳоят муҳим ҷалб намоям. Новобаста ба ихтилофи назарҳо ва диди мухтариф ба услубҳои ҳалли масоил, зарурати таъҷилии пайдо ва қабул намудани қарорҳои якдилона бар нафъи пойдории амну субот дар Афғонистон вуҷуд дорад. Ин имконияти хуб барои таъсис додани василаи мусоид ҷиҳати татбиқи муассир ва созгори ин қарорҳо фароҳам меоварад. Мо бо шумо бояд на мушкилоту ҳадафҳои мағруру муғризонаи милламонро, балки манфиатҳои мардуми азияткашидаи афғонро аввалиндараҷа шуморем. Аз қарорҳои имрӯз қабулшуда ва қарорҳое, ки дар Бонн қабул хоҳанд шуд, ояндаи вазъи тамоми минтақаи Осиё вобастагии бевосита дорад.Барои диққататон ташаккур.

Ноябрь 3, 2011 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст