Баррасии Қонун «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назокат Қодирова).-Имрўз таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси Намояндагон баргузор гардид. Дар он масъалаи таъсис додани гурўҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нави қонуни ҶТ «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Аъзои Шўро ҳамчунин лоиҳаи қонун «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ»-ро муҳокима карданд. Масъалаҳои дигаре, ки дар ҷаласаи Шўро мавриди муҳокима қарор гирифтанд, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати чорум» ва лоиҳаи Қарор «Дар бораи рўзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони кишвар» буд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов, Олим Салимзода ва дигар аъзои Шўро зимни тавзеҳи ин масъалаҳо иброз намуданд, ки мақсад аз пешниҳоди онҳо ба Шўрои навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардани раванди фаъолиятҳои марбут ба иҷора, муттаҳид кардани ташкилотҳои қарзӣ ва бартараф кардани номувофиқатӣ байни қонунҳои амалкунанда мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






