Баррасии лоиҳаи минтақавӣ
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Мавзӯи асосии мулоқоти намояндагони бахшҳои энергетикии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон, ки 15-16 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА -1000 буд.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, иштирокдорони мулоқот масоили марбут ба тарҳрезӣ, ҷалби сармояҳо ва татбиқи лоиҳаи минтақавии КАСА – 1000-ро матраҳ намуданд.Аз ҷониби Тоҷикистон дар мулоқот муовини аввали Вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов ширкат дошт. Муовини вазир зимни суханрониаш аҳамияти лоиҳаро таъкид сохта, гуфт, ки дар ҳоли ҳозир марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа, ки тарҳрезии техникию иқтисодиро дар бар мегирад, анҷом ёфта аст. Мутобиқи он бояд аз қаламрави Қирғизистон то кишвари Покистон хати баландшиддати барқ сохта шавад. Татбиқи ин лоиҳа аз соли 2012 оғоз ёфта ва бояд дар давоми чор сол ба анҷом расонида шавад. Як қатор муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида омодагии худро барои маблағгузории лоиҳа изҳор доштанд. Ҳоло комиссияи корӣ таъсис ёфтааст, ки ба ҳайати он намояндагони бахшҳои энергетикии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон шомиланд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






