Баррасии масоили ҷавонон дар Пекин
Пекин, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). «Заминаи асосии пешрафти ҳамаи давлатҳо пеш аз ҳама ба донишу малака ва нерӯи ҷавонон вобаста мебошад. Ҷавонон дар қатори дигар захираҳои таъминкунандаи рушди давлат ҳамчун захираи муҳими инсонӣ эътироф шудаанд»,- тазаккур дод муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабирҷон Ҷӯраев зимни мизи мудаввар дар шаҳри Пекин.Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ин барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон мунтазам тадбирҳо андешида, заминаи меъёриву ҳуқуқии онро пайваста такмил медиҳад».Ҳамчунин дар мизи мудаввар ноиби ректори донишгоҳи ҷавонони Хитой оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва роҳбари маркази омодасозии роҳбарони ҷавон профессор Лю Вейбинг, муовини директори раёсати робитаҳои хориҷии Кумитаи марказии ҳизби комунистии Хитой Кюан Чай Ченг ва сардори раёсати муносибатҳо бо кишварҳои Аврупою Осиёи Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Хитой Йу Чианхуа дар бораи тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Хитой баромад карданд.Муколама ва саволу ҷавоб дар бораи татбиқи сиёсати ҷавонон дар кишварҳои аъзои СҲШ сурат гирифт.Инчунин мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо муовини раиси Федератсияи умумичинии ҷавонон хонум Дунг Сия баргузор гардид.Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоилро оид ба татбиқи созишномаи байни Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ва Ҳизби комунистии Хитой дар мавриди бозомӯзии сарварони ҷавон мавриди баррасӣ қарор доданд.Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҷавонони Созмони Ҳамкории Шанхай, Федератсияи ҷавонони умумии Чин ва Иттифоқи коммунистии ҷавонони Чин, ки ба манзури расонидани мадад ба таҳкими ҳамбоварӣ ва дӯстии байни роҳбарони ҷавони минтақаи Аврупою Осиё ва мусоидат ба табодули байналмилалӣ ва ҳамкории созмонҳои ҷавонон аз 23 ноябр то 6 декабри соли 2011 дар Чин лоиҳаи «Сафар ва бозомӯзӣ барои роҳбарони ҷавони минтақаи Аврупо ва Осиё»-ро созмон додааст, фардо кори худро дар шаҳри Чунсиян идома медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






