Баррасии масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Ноябрь 30, 2011 15:40

Душанбе, 30 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 29 ноябри соли ҷорӣ дар бинои маъмурияти давлатии ноҳияи Лайлаки шаҳри Исфанаи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои сарҳадӣ байни ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ғончии вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯрии корӣ баргузор гардид.Ҳайати кориро аз вилояти Суғд муовини якуми раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов ва аз Ҷумҳурии Қирғизистон муовини губернатори вилояти Боткент Саидҷон Эратов роҳбарӣ карданд.Дар хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар вохӯрӣ асосан масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар соли 2012 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ноябрь 30, 2011 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд