Баррасии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина
Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 31 октябри соли 2011 дар Киев вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо Раиси Комиссияи байниҳукуматӣ аз Украина оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазири рушди минтақавӣ ва сохтмони Украина Анатолий Близнюк баргузор гардид.Зимни сӯҳбат масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ шуданд. Тарафҳо ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карданд. Сафир Ш. Султонов ҳавасмандии Тоҷикистонро дар истифодаи иқтидори бузурги Украина баҳри робитаҳои мутақобилаи судманди иқтисодии ду кишвар, роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, рушди минбаъдаи корхонаҳои муштарак иброз намуд. Сарфи назар аз он, ки дар нимсолаи аввали соли 2011 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта афзоиши гардиши мутақобилаи бозаргонӣ ба 43 % расонида шуд, вале дар маҷмӯъ, ба ақидаи дипломат, ҳаҷм ва сатҳи ҳамкории дуҷониба ба имконоти мавҷуда мутобиқ нестанд. Дар ҷараёни мулоқот ба мақсади фаъолгардонии минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, муайянсозии самтҳои мушаххаси густариши муносиботи дуҷониба салоҳ дониста шуд, ки оғози моҳи декабри соли 2011 дар шаҳри Киев ҷаласаи III Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ барпо карда шавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






