Баррасии системаи ягонаи шомил шудан ба макотиби олӣ
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).-18 — 19 ноябри соли 2011 бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф, Маркази миллии тестӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе перомуни масоили рушди системаи санҷиши миллӣ барои шомил шудан ба макотиби олии Тоҷикистон мизи гирд баргузор мегардад. Дар он амалӣ намудани системаи ягонаи имтиҳоноти дохилшавӣ, шартҳои умумии интихобу шомилшавии довталабон ба макотиби олӣ ва нақши донишгоҳҳо дар системаи мазкур баррасӣ мешавад. Ҳамчунин дар мизи гирд таҳлили таҷрибаи кишварҳои дигари минтақа оид ба рушди системаи ягонаи санҷишӣ барои шомилшавӣ ба макотиби олӣ дар назар аст. Дар сӯҳбати мизи гирд намояндаҳои дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати маориф, идораҳои вилоятӣ ва шӯъбаҳои ноҳиявии маориф, макотиби олӣ, Академияи таҳсилот, Маркази миллии тестӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ, Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА, Хазинаи Оғо Хон иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин дар мизи гирд мушовирони байналмилалӣ аз Бунёди «Ҷомеаи Кушода», Барномаи дастгирии таҳсилоти Лондон (ESP), Anglia assessment LTD ва Шабакаи марказҳои сиёсати таҳсилотии Хорватия ширкат мекунанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






