Баррасии таҷдиди сохтори «Барқи Точик»
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҷиҳати таъмини раванди самараноки таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Амонҷон Эшонқулов бо ҳайати гурӯҳи мушовирон оид ба таъминоти ҳуқуқии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Пол Моффат ва Васселина Харалампиева мулоқот намуд.А. Эшонқулов зикр намуд, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» барои солҳои 2011-2018» аз 30 августи соли 2011 қабул гардидааст ва дар ин бобат гурӯҳи кории байниидоравӣ низ таъсис шудааст.Ҳамзамон қайд шуд, ки санаи 19 октябри соли ҷорӣ оид ба татбиқи нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» дар Кумита вохӯрии намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби шарикон оид ба рушд таклифу пешниҳодҳо манзур шуданд. Аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар анҷом тарафҳо оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич дар ин ҷараён ва баррасии таклифу пешниҳодҳои тарафайн омодагии худро баён намуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






