Баррасии вазъи иқлими Осиёи Марказӣ
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – 9 ноябр дар Маркази Исмоилия мулоқоти техникию машваратии минтақавӣ оғоз ёфт. Дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири ҶТ Муродалӣ Алимардон ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Талбак Салимов иштирок доштанд. Мулоқотро котиботи Ҷамъияти ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати истихроҷи маъдан ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ва бо мадади молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ созмон додааст. Талбак Салимов зимни суханрониаш зикр кард, ки тағйироти саросарии иқлими Осиёи Марказӣ бояд бо иштироки намояндагони ҳамаи кишварҳои ин минтақа муфассал баррасӣ шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






