Беш аз 51 млн. тонна бор кашонида шудааст
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод),- Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон боркашонӣ асосан тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад. Баланду паст шудани нархи маҳсулот ҳам ба ин тарзи боркашонӣ сахт алоқаманд аст. Мусаллам аст, ки тавассути нақлиёти автомобилӣ сӯзишвории зиёд масраф мегардад ва арзиши ҳар литр сӯзишвории сарфшуда ба нархи маҳсулоти кашонидашуда зам мешавад.Бино ба маълумоти Агентии омор, дар моҳҳои январ – октябри соли 2011 бо ҳамаи намуди нақлиёт 51 млн.726,6 ҳазор тонна бор кашонида шудааст. Ба иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ – октябри соли 2011 бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти шаклҳои моликияташон гуногун, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, ҳамчунин бо нақлиёти автомобили шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 44 млн. 980 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки 85,1 фоизи ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро медиҳад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






