Боҷи содиротии сӯзишворӣ бетағйир аст

Ноябрь 17, 2011 09:21

Душанбе, 17 ноябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ Ҳукумати Русия ҳаҷми боҷи содиротии бензинро аз 372,2 доллари амрикоӣ ба 353,7 доллар ва боҷи содиротии сӯзишвории дизелиро аз 271,5 то 259,3 доллар барои ҳар тонна арзон намуд. Аммо он барои ҶТ чун пештара 416 доллар барои ҳар тонна боқӣ мондааст, иброз доштанд дар Вазорати иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар». Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 фоизи сӯзишвориро аз Федератсияи Русия ворид менамояд. Аз рӯи мушоҳида, дирӯз дар 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бензини навъи АИ -92 бо нархи 7 сомонӣ барои 1 литр фурӯхта шуд, ки ин нисбат ба аввали моҳи октябр 30 дирам зиёд аст. Боло рафтани нархи сӯзишворӣ на фақат ба соҳаи мусофиркашонӣ, балки ба соҳаи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ҳам бетаъсир намонд. Соҳибкорон ва кишоварзони ватанӣ бо сабаби афзоиши хароҷоти роҳ аз ҳисоби сӯзишворӣ, нархи маводи ғизоӣ ва молҳои саноатиро баланд бардоштанд, дар бонкҳо мизони таваррум бесобиқа боло рафт ва асъори миллӣ қурби пештараашро, ки 1 доллар баробари 4, 47 сомонӣ дар бозори асъор харидуфурӯш мешуд, гумм карда ба 4, 87 сомонӣ баробар шудааст ва маълум нест, ки то охири моҳи декабри соли ҷорӣ қимати 1 доллар ба чанд сомонӣ баробар мешавад.Бино ба гуфти вазири иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, гуфтушуниди ду соли охир бо ФР дар масъалаи паст кардани боҷи содиротӣ натиҷаи дилхоҳ надод ва гуфтушуниди навбатӣ дар оғози соли 2012 пешбинӣ шудааст.

Ноябрь 17, 2011 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад