Бо «Хайр» хайр гуфтанд.
Душанбе, 3 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Хабари аз бозиҳои чемпионати мамлакат байни клубҳои лигаи олӣ даст кашидани тими «Хайр»-и шахри Ваҳдат барои мухлисонаш пеш аз бозиҳои даври 37-ум зарбаи хеле гарону сангин буд. То ин давр футболбозони ин даста аз худ маҳорати баланд нишон дода, дар зинаи ифтихории чорум қарор доштанд, вале мушкилии аз ҳама асосӣ — маблағгузорӣ барои дастаҳои футбол дастаи хуберо ба коми худ фурӯ бурд. Албатта, ин ҳодиса дар доираи футболи ҷумҳурӣ нав нест. Чемпионҳои Тоҷикистон чун « Помир»-у «Ситора»-ю «Варзоб»-и Душанбе, соҳиби ҷоми ҷумҳурӣ «Пахтакор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, «Истаравшан» ва амсоли инҳо маҳз аз ҳамин сабаб беному нишон гаштанд. Магар дар сатҳи баланд ҳал кардани ин мушкилӣ мумкин нест. Чӣ бояд кард? Дур нест, ки боз дастаҳои нав ба нав тарки бозӣ кунанд. Алҳол то анҷоми чемпионат 9 даври дигар боқӣ мондааст.Бозии марказии даври 37-ум вохӯрии байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» ба ҳисоб мерафт. Регариҳо бо натиҷаи 4:2 ғалаба карданд. Дар ин давр «Парвоз» бар «Гвардия» бо бартарии 5 бар 1, ССКА «Помир» дар сафар бар «Шодмон» 3 бар 2 ғалаба карданд.«Энергетик»- и Душанбе ҳамчун мизбон «Равшан»- и Кӯлобро дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб ба ҳузур пазируфт, зеро мақомоти ҳифзи тартибот гузаронидани бозиро дар варзишгоҳҳои шаҳри Душанбе аз нигоҳи амният раво надонистанд. Дар натиҷа ин вохӯрӣ ба нафъи футболбозони шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2 бар 3 ҷамъбаст шуд. Байни нишонзанҳои беҳтарин ҳанӯз Фозил Сатторов аз дастаи «Равшан» бо 20 гол садрнишин аст. Комил Саидов аз ССКА «Помир» бо 19 гол ва Габриэл Донто аз «Энергетик» бо 18 туб ӯро пайгирӣ мекунанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






