Бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфт

Ноябрь 21, 2011 09:23

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи 19 ноябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи назди Наврўзгоҳи пойтахт, ки дар дохил ва атрофи ипподроми шаҳрӣ бунёд ёфтааст, ташриф оварда, ба бунёди боғи нави Наврўзгоҳ оғози расмӣ бахшид. Тавре иттилоъ дода шуд, боғи Наврўзгоҳ дар майдони 15 гектар саҳни даромадгоҳ ва атрофи Наврўзгоҳи пойтахт доман паҳн менамояд. Худи ҳамин рўз, аллакай садҳо ниҳоли сояафкану ороишӣ, аз ҷумла аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шинонда шуд. Тибқи нақшаи генералӣ боғи Наврўзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кўдакон ва ғайра иборат хоҳад буд. Зимни шиносоӣ бо анвои ниҳолҳои ороишию сояафкан, гулу гулбуттаҳо ва нақшаи генералии бунёди боғи Наврўзгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои ҳар як намуди ниҳол ва гулу гулбуттаҳо қитъаҳои алоҳида ҷудо карда шаванд ва ин кор бояд тарзе сурат гирад, ки аз диданаш кас лаззат барад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин боғҳо, ки ҷойи истироҳату фароғат ва сайру гашти мардум хоҳанд буд, худ як санъат аст ва бунёдкунандагони он бояд завқи баланд дошта бошанд. Аз ин хотир дастур дода шуд, ки ба ин кор мутахассисони сатҳи баланди дорои завқу салиқаи махсус ва ҳисси қавии зебоипарастӣ ҷалб карда шаванд. ҳамин гуна супоришҳо, ҳамчунин доир ба ободонии боғи Рўдакӣ ва боғу гулгаштҳои атрофи пайкараи Исмоили Сомонӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Нишони Тоҷикистон, Парчами давлатии Тоҷикистон, ки ҳама ҷузъҳои як ансамбли зебои фарҳангӣ дар маркази пойтахт мебошанд, дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки бевоситаи худ дар оғози бунёди боғи Наврўзгоҳ мавсими нави ниҳолшинонӣ, кабудизоркунии муҳити зист, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳнаро дар кишвар шуруъ намуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон эълом дошт, ки аз ҳамин рўз мавсими нави ниҳолшинонӣ оғоз ёфт ва он метавонад 5 моҳи пурра идома ёбад. Таъкид гардид, ки иқлими аксари минтақаҳои Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз даҳаи сеюми моҳи ноябр то 5 моҳи дигар ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Ноябрь 21, 2011 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд