Бостоншиноси Фаронса дар Тоҷикистон
Душанбе, 9 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз, 9 ноябр, бостоншиноси Фаронса Анри Пол-Франкфор дар Маркази фарҳангии «Бохтариён» дар мавзӯи «Тамаддуни асри биринҷӣ дар Осиёи Марказӣ: «Саразм»» суханронӣ мекунад.Суханронии бостоншинос самараи ҳафриёт дар Саразм мебошад, ки якҷоя бо доктори илми таърих Абдуғаффор Раззоқов анҷом додааст. Бостоншиноси номбурда солҳои гуногун дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Чин (Синҷон) ва дар Сибири Ҷанубӣ ба тадқиқоти бахши бостоншиносӣ машғул буд. Анри Пол-Франкфор қариб 15 китобу мақолаҳоро дар мавриди бостоншиносӣ рӯи чоп овардааст. Қобили зикр аст, ки Саразм яке аз қасабаҳои қадимтарин ва шаҳодати рушди шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Соли 2010 Саразм ба рӯйхати иншооти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда буд. Саразм аз ҳазорсолаи IV то III пеш аз мелод маркази тиҷорат ва табодули фарҳанг дар Осиёи Марказӣ ба шумор мерафт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






