Боздиди Сарвари давлат аз хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлони ноҳияи Ҳисор
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- 7 ноябр Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлони ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо кори ниҳолпарварону гулпарварони асили он аз наздик шинос шуд.Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлони ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки он дорои 33 гектар замин мебошад ва дар 20 гектараш парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ба роҳ монда шудааст.Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин қитъаи 20 – гектара 50 ҳазор ниҳоли зардолу, 50 ҳазор себу нок ва беш аз 100 ҳазор навниҳоли ангўри кишмиш барои бурда, шинондану боғу токзор бунёд кардан омода аст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки бо назардошти талаботи рўзафзуни дохилию хориҷӣ дар ин ҷо парвариши беш аз 1 миллион навниҳоли ангўри кишмиш ба роҳ монда шавад.Қисмати зиёди ниҳолҳои ин хоҷагӣ дар мавсими ояндаи ниҳолшинонӣ ба боғу токзори хоҷагии боғпарварии Асадулло, ки дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон қарор дорад, бурда шинонда мешаванд, зеро тибқи супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдону боғу токзор дар ин мазеъ бояд ба зиёда аз 3 ҳазор гектар расонда шавад.Дар воқеъ хоҷагии ниҳолпарварии Сомон-Хатлон қудрат дорад, ки садҳо ҳазор ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишию сояафканро ба дўстдорони шуғли боғутокпарварӣ пешниҳод намоянд, зеро танҳо дар қитъаи 13 гектараи заминҳои ин хоҷагӣ беш аз 1 миллион ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо парвариш меёбанд.Дар ин хоҷагӣ, қариб 100 нафар мутахассисони касбӣ ва дўстодорони боғдорию гулпарварӣ машғули коранд, ки аксари онҳоро занону духтарон мебошанд.Ба гуфти мутахассисони варзидаи ин хоҷагӣ, кори босамари чунин хоҷагиҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистон пурра талаботи худро бо навниҳоли ҳамаи намуди дарахт ва гулу гулбуттаҳо таъмин намуда, ҳамчунин ба хориҷа содирот намояд.Аҳли хоҷагӣ пайваста табъи болида доранд, зеро бо шуғли дўстдоштаи худ машғул шуда, ҳам фоидаи иқтисодӣ мебинанд ва ҳам аз покию таровати ҳавои миёни гулзору боғоти рўҳафзо баҳра мебаранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






