Боздошти фаъолияти 281 муассиса дар Суғд

Ноябрь 18, 2011 17:30

Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар вилояти Суғд санҷишҳои муштарак бо намояндагони прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» нисбат ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ ва саноатӣ гузаронида шуд.Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи санҷиш ба 1215 нафар соҳибкор протокол оид ба қонуншиканиҳои санитарию эпидемологӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 91 055 сомонӣ ҷарима ситонида шуда, барои дағалона вайрон кардани қоидаҳои санитарӣ фаъолияти 281 муассиса боздошта шуд.Аз ҷумла, дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти сехҳои ҳасиббарории соҳибкор И.Ниёзов, сехи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Арал», коргоҳҳои ҳасиббарории «Файзи Расул», «Садри Аъзам», «Саид ва Кабир» низ барои риоя накардани талаботҳои санитарӣ-гигиенӣ боздошта шуданд.Нисбат ба соҳибкорон ва сехҳои номбурдашуда протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, аз ҳар кадом 105 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.Ҳамчунин аз коргоҳи ҶДММ «Дӯстӣ-Амирхон», ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нӯшобаҳо, хӯроки умумӣ машғуланд, барои мунтазам риоя накардани талаботи санитарию гигиенӣ ба маблағи 1750 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Ноябрь 18, 2011 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад