Бозгашти ҳоҷиён
Душанбе, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз, 12 ноябр нахустин зоирини тоҷик аз зиёрати Хонаи Худо- Каъба баргаштанд. Аз маркази матбуоти Кумаи оид ба коҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар фурудгоҳи Душанбе зоиринро намояндагони Кумитаи оид ба корҳои дин ва хешуну пайвандони зоирин пешвоз гирифтанд. Маврид ба зикр аст, ки дар маросими имсолаи Ҳаҷ ҳангоми зиёрати Каъба як шаҳрванди Тоҷикистон фавтидааст. Ёдовар мешавем, ки дар маросими имсолаи Ҳаҷ 2011 барои адои фаризаи Ҳаҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ҳазору 500 нафар ба Арабистони Саудӣ рафта буданд. Бозгашти зоирин шурӯъ аз имрӯз то 3 декабри соли 2011 идома мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






