Бозиҳои плей-оф дар Аврупо

Ноябрь 15, 2011 16:18

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Имрӯз дар Аврупо охирин дастаҳои иштирокчӣ дар бозиҳои финалии ҷоми Аврупо маълум мешаванд. Дастаи мунтахаби Туркия бо сарварии Гус Ҳиддинг,ки ҳафтаи гузашта дар майдони худ аз Хорватия бо натиҷаи 0 бар 3 шикаст хӯрда буд, бозиашро дар меҳмонӣ анҷом медиҳад.Барои ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфтан футболбозони турк имконияти худро тақрибан аз даст додаанд. Тими мунтахаби Эстония ҳам бо Туркия ҳамтақдир аст. Дар вохӯрии аввал онҳо аз футболбозони Ирландия бо ҳисоби 0 бар 4 мағлуб шуданд. Чехҳо дар вохӯрӣ муқобили Черногория бо бартарии 2 бар 0 вориди майдон мешаванд. Футболбозони мунтахаби Босния дар дидор бо Португалия соҳиби бартарианд Дар вохӯрии аввал натиҷаи 0 бар 0 метавонад онҳоро рӯҳбаланд созад. Ҳамин тариқ, соати чаҳори субҳ ба вақти Душанбе ҳамаи дастаҳои финалист маълум хоҳанд шуд.

Ноябрь 15, 2011 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд