БРО пружаҳои иҷтимоиро пешниҳод мекунад

Ноябрь 11, 2011 15:19

Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 10 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси раёсати БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндагони Бонки рушди Осиё баргузор гардид.    Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуот ва рекламаи БДА   «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо мусоидат ба рушди иҷтимоиёт ва пешниҳоди қарзу кӯмакҳои техникиро дар мавриди боло бурдани сатҳи зиндагии иҷтимоии аҳолии кишвар баррасӣ намуданд.Намояндагони БРО бо таваҷҷӯҳ ба шабакаи васеи муассисаҳо ва хизматрасонӣ дар самти иҷрои барномаҳои иҷтимоии Амонатбонк, дар мавриди хариди дастгоҳҳои офтобии барқистеҳсолкунанда ва обгармкунакҳои офтобӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуданд. Ҳамчунин зикр гардид, ки шароит ва иқлими Тоҷикистон барои  истифодаи ин гуна дастгоҳҳо мусоид буда, истеҳсоли онҳо  арзонтар мебошад.

Ноябрь 11, 2011 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд