БТРА партовҳои Хуҷандро коркард мекунад
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими имзои қарордод миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо оид ба сармоягузории Лоиҳаи «Коркарди партови дурушти маишии шаҳри Хуҷанд» баргузор гардид.Тибқи қарордоди мазкур барои коркарди партови дурушти маишӣ ва таҷдиди партовгоҳи мавҷудаи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Бонки таҷдид ва рушди Аврупо дар ҳаҷми 5 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо мешавад, ки 2,5 миллион доллари онро маблағи грантӣ аз ҳисоби Хазинаи Саҳомии Махсуси БТРА ташкил медиҳад.Партовгоҳи кунунии шаҳри Хуҷанд, ки дар масофаи 17 километр дур аз шаҳр воқеъ аст, чандин даҳсола инҷониб истифода мешавад ва имконияти ғунҷоишаш аз истифодаи тӯлонӣ ва торафт афзудани ҳаҷми партов вақтҳои охир хеле маҳдуд гардидааст.Коркарди партови дурушти маишӣ на танҳо ба истифодаи дигарбораи он ба сифати сӯзишворӣ, фулузоти саноатӣ ва пору имконият фароҳам оварда бори партовгоҳро сабук мекунад, балки ба тозагии муҳити зист низ мусоидат менамояд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






