Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 3, 2011 16:01

Теъдоди ҳалокшудагон бар асари бориши сахти барф дар шимолу шарқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба 27 нафар расид. Онҳо дар натиҷаи дар роҳҳои автомобилгард рух додани садама, қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ, афтидани дарахтон ва оқибатҳои дигари офати табиӣ ҳалок гардидаанд. Президенти Амрико Барак Обама дар музофотҳои Ню-Гемпшир, Коннектикуд ва Массачусетс, ки аз таъсири офати табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, вазъи ҳолати фавқулоддаро эълон намуд.********Собиқ вазири корҳои дохилии Хорватия Йосип Болковатс ба ҷурми иштирок дар ҷиноятҳои ҳарбии давраи ҷанги дуюми ҷаҳон ҳабз шуд. Мутобиқи айбнома Болковатси 92 сола, ки баъди хатми ҷанг хидматчии Хадамоти махсус буд, солҳои 1945-1946 дар қатли теъдоди зиёди собиқ сардорони фашистӣ ва шаҳрвандони хайрхоҳи онҳо иштирок намуда буд.Болковатс аввалин вазири корҳои дохилии Ҳукумати Хорватияи мустақил гардид.***********Шаҳрванди Чеченистон Аҳмадпошшо Айдаев, ки ба ҷурми қатли мухлиси футбол Юрий Волков айбдор шудааст, ба муддати 17 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Ӯ бояд ин мӯҳлатро дар колонияи низомаш сахт сипарӣ намояд. Ин   қарорро суди шаҳри Маскави Русия дар асоси ҳукумномаи ҳайати ҳакамият қабул кард. Хотирнишон месозем, ки Юрий Волков бар асари ҷанҷолу хархаша 10 июли соли 2010 кушта шуда буд.*******Тибқи хабари Агентии Франс-пресс, бар асари сӯхторе, ки дар баҳри Аҳмар назди соҳилҳои Миср дар киштии мусофирбари «Белла» рух дод, аз ҷумлаи 1230 мусофир касе зарар надидааст.Ҳоло барои пурра хомӯш кардани сӯхтор низомиёни Миср таъҷилан сафарбар шудаанд. 

Ноябрь 3, 2011 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад