Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 8, 2011 11:31

Дар соҳилҳои ҷазираи Окинаваи Ҷопон заминларза ба вуқӯъ пайваст, ки қуввааш баробари 6,8 балл буд. Маркази заминларза дар 220 киллометрии соҳили ҷазира ба қайд гирифта шудааст. Аз хусуси талафоти ҷонию молӣ ҳанӯз хабар дода намешавад. ************Бар асари бетартибиҳо дар шаҳри Лаэи Папуа – Гвинеяи Нав камаш шаш кас ҳалок шуда ва 26 нафари дигар захм бардоштааст. Ғоратгарон даҳҳо биноро оташ зада, ҳазорҳо нафар сокинонро аз манзил маҳрум сохтаанд. **************Президенти Никарагуа Даниэл Ортега маротибаи сеюм Президенти кишвар интихоб шуд. Ӯ 62, 6 фоизи овозҳоро ба даст овардааст. Ҳарифи наздиктарини вай Фабио Гадеа 30,9 фоизи овозҳоро касб намудааст. **********Президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод хабарҳоро дар бораи ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба кишвараш шарҳ дод. Вай бори дигар ҳалокати қарибулвуқӯъро ба давлати яҳудиён ваъда дода, илова намуд, ки Эрон аз ҳамлаи эҳтимолӣ тарсе надорад. **************Дар Итолиё теъдоди ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 16 нафар расидааст. Дар шаҳрҳои Турин ва Милан мактабҳо баста шуда, ҳазорон нафар сокинон аз эҳтимолан кӯч бастанашон огоҳ гардиданд. 6 ноябр бинобар офати табиӣ дар шаҳри Неапол вохӯрии байни дастаҳои футболи «Наполи» ва «Ювентус» ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Ноябрь 8, 2011 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!