Дар Қурғонтеппа реҷаи истифодаи барқ ҷорӣ гардид
Қуррғонтеппа, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – Тавре ки роҳбари муассисаи шабакаҳои барқи шаҳри Қурғонтеппа Исомиддин Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ба хонаҳои сокинони маркази вилояти Хатлон- шаҳри Қурғонтеппа мувофиқи реҷа нерӯи барқ дода мешавад. Мувофиқи суханони И. Сафаров, интиқоли нерӯи барқ ба хонаҳои шаҳрвандон аз соати 23-и шаб то соати 5- и субҳ қатъ мегардад. И. Сафаров, ҳамчунин зикр намуд, ки мақсад аз ин тадбир сарфа намудани нерӯи барқ ва бо он муттасил таъмин кардани иншооти ҳаётан муҳим мебошад. Ба қарибӣ ба манзури ошкор намудани вайронкунандагони қоидаҳои истифодаи барқ дар шаҳри Қурғонтеппа якҷоя бо роҳбарияти ширкати «Барқи Тоҷик» тафтишот гузаронида шуд. Ҳамзамон роҳбарияти вилояти Хатлон дар маҷлиси навбатӣ диққати роҳбарияти корхонаҳои энергетикии шаҳру ноҳияҳоро ба масъалаи сари вақт ҷамъ намудани маблағҳои истифодаи нерӯи барқ ҷалб намуд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






