Дар Берлин конфронс оид ба масъалаҳои об доир мегардад
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ҶТ Дорис Хертрампфро ба ҳузур пазируфт.Аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки Сафири Олмон ба Вазири корҳои хориҷӣ ёддоштро ҷиҳати баргузории конфронс оид ба масъалаҳои об дар Берлин, ки моҳи марти соли 2012 ба нақша гирифта шудааст, супорид. Сафири Олмон иттилоъ дод, ки Вазири корҳои хориҷии кишвари ӯ ният дорад дар ҳошияи конфронси байналмилалии Афғонистон дар Бонн вохӯрии роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро гузаронад. Сафир Д. Хертрампф ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии интихоби номзадии кишвараш ба Комиссияи байналмилалии ҳуқуқ изҳори миннатдорӣ намуд.Дар масъалаи ҳамкорӣ дар робита ба озодшавии халабони эстонӣ, Д. Хертрампф мусоидати бевосита ва саҳми арзандаи Вазорати корҳои хориҷиро зикр кард.Мусоҳибон инчунин баргузоршавии конфронсро оид ба Афғонистон дар Бонн ва иштироки ҳайати Тоҷикистонро дар кори он муҳокима намуданд. Ҳ. Зарифӣ изҳори умедворӣ кард, ки кишварҳои Аврупо қарордодҳоеро, ки дар рафти конфронси Истанбул оид ба Афғонистон қабул шуда буданд, дар Бонн ҷонибдорӣ менамоянд.Вазири корҳои хориҷӣ ба Сафири Олмон аз ҷараёни ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнерегетикӣ маълумот пешниҳод кард. Ӯ бори дигар ба мавқеи Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар ҷумҳурӣ бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа таъкид намуд.Сафири Олмон дар навбати худ аз чунин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин сохтори молиявии ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






