Дар Душанбе ҷаласаи машваратии роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти иктишофии давлатҳои узви ИДМ баргузор мегардад
Душанбе, 5 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абўбакр).- Чунонки аз Маркази равобити ҷамъятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар доданд, аз 9 то 11 ноябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи машваратии роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти иктишофии (разведкавии) кишварҳои узви ИДМ доир мегардад.Дар ҷаласаи машваратӣ масоили муҳими ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳамчунин самтҳои дурнамои рушди робитаҳои мутақобила миёни ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ ба мақсади такомули мубориза бо таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ ва сиёсӣ, амалу зуҳуроти хилофи қонун баррасӣ хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






