Дар Душанбе таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ баррасӣ шуд
Душанбе, 10 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абўбакр).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 12-уми машваратии роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ доир гардид.Аз маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин ҷаласа масоили муҳими ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин самтҳои дурнамои рушди робитаҳои мутақобила миёни мақомоти амният ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ бо мақсади такомули мубориза бо таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ ва сиёсӣ, амалу зуҳуроти хилофи қонун баррасӣ шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






