Дар Фархор ба қадри омӯзгор мерасанд
Фархор, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Наздики 30 тан омӯзгори маҳаллӣ дар «Шаҳраки омӯзгорон»-и ноҳияи Фархор соҳиби манзил гаштанд. Ҳукумати маҳаллӣ ба хотири ҷалби бештари омӯзгорон ба мактаб дар як канори маркази ноҳия барои омӯзгорон қитъаи замин ҷудо намуда, барои бунёди хонаҳояшон кӯмак намудааст. Ин бори аввал аст, ки барои омӯзгорон дар минтақаи Кӯлоб маҳаллаи хосса бунёд мекунанд. Афзалшоҳ Сафаров, мудири маорифи ноҳияи Фархор мегӯяд: тайи чанд соли охир истифода нашудани имтиёзҳо аксари омӯзгоронро аз касби интихоб кардаашон дилсард намуда буд.Ба гуфтаи ӯ, додани замин ва бунёди манзили зист барои омӯзгорон имкон медиҳад, ки онҳо нисбат ба касбашон дилгарм шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






