Дар Роғун боғҳои кӯҳнаро барқарор намуданд

Ноябрь 1, 2011 15:54

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар», Зебо  Давлатова). – Кишоварзӣ  аз  соҳаҳои афзалиятноки    минтақаи Роғун мебошад.  Назар ба иттилои муовини  раис доир ба соҳаи кишоварзӣ   Зиёратшо Мӯсоев     соли  ҷорӣ  бо маблағи   Вазорати  кишоварзӣ  аз  ноҳияи Ғончии  вилояти   Суғд    20  тоннаю 400 кг  тухмии  аълосифати  картошка     ворид  гардида ва дар   13  гектар  замини  бекорхобидаи  Ғашён  кишт шуд.   Зиёратшо  Мӯсоев  афзуд, ки  айни   замон  34  гектар боғи  нав  бунёд  гардида,  6  гектар   боғи  кӯҳна  то  имрӯз   аз  нав  барқарор   шудааст, ки  нисбат ба  соли   гузашта 8  гектар   зиёд  аст.

Ноябрь 1, 2011 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш