Дарёфти 90 кг маводи мухаддир аз Шӯрообод
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -Кормандони раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД-и ҷумҳурӣ зимни як амалиёт беш аз 90 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.Тавре ки сардори маркази матбуоти ВКД ҶТМаҳмадулло Асадуллоев Мансур Бухориев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, кормандони раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири вилояти Хатлон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи милисаи таъиноти махсус (ОМОН)-и ин вилоят дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 25-солаи ноҳияи Восеъ Р.Н.-ро боздошт кардаанд. «Ҳангоми кофтуков аз ӯ 6 бастаи полиэтилении дорои маводи мухаддири гурӯҳи бангдона дарёфт шуд, ки вазни умумии он 90 килову 70 граммро ташкил дод», — гуфт ӯ.Аз рӯйи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






