Дастгирии Ҷопон аз сохтмони Маркази бонувон дар Кӯлоб

Ноябрь 23, 2011 09:13

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ барои лоиҳаи сохтмони «Маркази бонувон дар шаҳри Кӯлоб» 111 ҳазору 974 доллари ИМА ҷудо менамояд.Дирӯз Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қурбонгул Қосимова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон»-и шаҳри Кӯлоб, созишномаи грантиро ба имзо расониданд. Таъмини амнияти иҷтимоӣ аз масъалаҳои асосӣ дар Тоҷикистон мебошад, зеро ба ҳифзи иҷтимоии занони ниёзманд, алалхусус онҳое ки ба зӯроварии хонаводагӣ дучоранд, равона шудааст. Ташкилоти ҷаъиятии «Наҷоти кӯдакон» вазифаи асосиро барои амалӣ намудани барномаҳои дастгирии занон тавассути беҳбуд бахшидан ба ҳифз ва касбомӯзии занон бо ҳамкории Бунёди мадади ҷомеаи кушода ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Тавассути лоиҳаи мазкур барои муҳайё намудани муҳити лозимӣ, бинои дуқабата иборат аз дувоздаҳ ҳуҷра ҳамчун Маркази бонувон ва паноҳгоҳ барои ҷабрдидагон аз зӯроварии хонаводагӣ дар шаҳри Кӯлоб сохта мешавад, ки он имконияти ташкили фаъолияти маслиҳатҳои ҳуқуқӣ, рӯҳӣ ва тиббиро ба аҳолии ниёзманд пешниҳод менамояд. Зиёда аз 800 нафар занони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои гирду атрофи он аз ин лоиҳа бевосита манфиат мегиранд. Гузашта аз ин, дар ин Марказ дарсҳои омӯзиши таббохӣ, дарздӯзӣ ва компутерӣ гузаронида мешаванд. Дар назар аст, ки маълумоти одамон перомуни ҳуқуқ ва ваколати бонувон беҳтар шуда, сатҳи зиндагии занон ва оилаҳо дар минтақаҳои Кӯлоб беҳтар мегардад.

Ноябрь 23, 2011 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт