Даври панҷуми бозиҳои Ҷоми ҷаҳон дар Осиё
Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Пагоҳ, 15 ноябр дар 10 варзишгоҳи кишварҳои Осиё даври панҷуми бозиҳои интихобии гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон – 2014, ки финали он дар Бразилия барпо мегардад, доир хоҳад шуд. Бо ин мақсад тими мунтахаби Тоҷикистон имрӯз барои ширкат дар вохӯрии навбатии худ бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд сафар мекунад. Бозии аввали дастаҳо рӯзи 2 сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 0:1 ба анҷом расида буд. Баъди 4 давр дар гурӯҳи «С» дастаҳои Ҷопон ва Ӯзбекистон пеш аз мӯҳлат, новобаста аз натоиҷи бозиҳои ду даври охирин ба рақобатҳои даври ниҳоии бозиҳо дар минтақаи Осиё роҳ ёфтаанд, Чунин натиҷаро дар гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Урдун комёб шуд. Дар дигар гурӯҳҳо вохӯриҳо тезутунд гузашта, ҳар кадоми ин се даста то ҳол имконияти ба даври баъдӣ гузаштанро аз даст надодаанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






