Ду литсензияи олимпии таэквондочиёни тоҷик

Ноябрь 28, 2011 15:04

Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дар шаҳри Банкоки Таиланд мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи таэквондо ВТФ ҷамъбаст шуд. Он мебоист аз 2 то 4 ноябр доир мегардид, вале аз сабаби боронҳои зиёд дар Таиланд он ба таъхир афтод ва ниҳоят рӯзҳои 24 то 26-уми ноябр гузаронида шуд. Шарафи кишвари моро варзишгарон Фарход Неъматов дар вазни 80 кг ва Алишер Гулов дар вазни аз 80 кг зиёд ҳимоя карданд. Фарҳод Неъматов дар дидори авали хеш намояндаи Ҳиндустон Анан Пандияро бо натиҷаи 11 бар 4, баъдан варзишгари Чин Ла Илиро бо натичаи 8 бар 7 шикаст дод. Дар қувваозмоии навбатӣ бо таносуби холҳо аз Носир Аҳмади афғон мағлуб шуда, дар кувваозмоӣ баҳри ба даст овардани медали биринҷӣ бо намояндаи кишвари Қатар Аҳмад Саъд ғалаба кард ва соҳиби роҳхат ба бозиҳои олимпии Лондон-2012 гардид. Намояндаи дигари Тоҷикистон Алишер Гулов дар муҳорибаи аввал бо варзишгари Қатар Абдулқодир Ал- Атҳамӣ вохӯрда, бо натичаи 11 бар 8 пирӯз шуд ва дар дидори дуюм рақиби ӯзбекаш Эргаш Акмалро ба мағлубият рӯ ба рӯ кард. Дар зӯрозмоии ниҳоӣ варзишгари мо аз варзишгари чиноӣ Сия Обо Ли мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид. Алишер ва Фарҳод баъди ин комёбӣ ҳуқуқи роҳхат ба Бозиҳои олимпиро дар соли 2012 ба даст оварданд.

Ноябрь 28, 2011 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад