Ду садамаи нақлиётии марговар

Ноябрь 14, 2011 15:19

Душанбе, 14 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ ду садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст .Тавре аз маркази матбуоти ВКД ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Вектра» Искандарбек Ғозибекови 25-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Ленини ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Узун бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Абдуқаҳҳоров Абдуллои 34-соларо пахш намудааст, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Садамаи нақлиётии дуюми марговар дар ноҳияи Сино-2 шаҳри Душанбе рух додааст.Ронандаи мошини «Хундай-Старекс» Тошев Геннадии 44-сола ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Нусратулло Махсум бехатарии ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ноболиғ Ҷумъаев Алиҷони 3-сола, истиқоматкунандаи кӯчаи Зарафшонро пахш намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ноябрь 14, 2011 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд