Эҳтиёт аз сӯхтор
Кӯлоб, 12 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бар асари беэътиноии шаҳрвандон дар фасли сармо сар задани сӯхтор дар хонаҳои шаҳрвандон ва корхонаю ташкилот ба назар мерасад, ки дар натиҷа ба иқтисоди оилаҳо ва ташкилоту идораҳо хисороти зиёди молӣ ворид мегардад. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор шӯъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии минтакаи Кӯлоб дар меҳмонхонаи «Хатлон» — и шахри Кӯлоб машқи омодабошӣ доир намуд.
Дар он се воситаи нақлиёти соҳавӣ ва беш аз 20 нафар кормандони хадамот иштирок намуда, ҳайати шахсии шӯъбаи Хадамоти давлатии оташинишонии минтақа ва кормандони меҳмонхона аз иҷрои машқ сарбаландона баромаданд. Чунин машқҳои омодабошӣ дар дигар ташкилоту корхонаҳо низ гузаронида хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






