Э. Раҳмон: «Олимони мо бояд парчамбардори миллат бошанд»

Ноябрь 18, 2011 17:25

Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Имрӯз дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 60-солагии таъсисёбии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.Сарвари давлат зимни суханронии худ ҳамаи донишмандон ва кормандони илмии Академияи илмҳо ва тамоми аҳли илми Тоҷикистонро ба ин муносибат самимона табрик гуфт.Ӯ афзуд, ки «Давлат ва ҳукумат илмро ҳамчун омили пешбарандаи ҷамъият арзёбӣ намуда, барои рушди минбаъдаи он ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии олимон тадбирҳои судманд меандешад». Академияи илмҳои мустақили Тоҷикистон ҳамчун маркази пешбурди таҳқиқоти илмӣ соли 1951 таъсис шудааст. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон нависанда ва арбоби барҷастаи илму фарҳанг устод Садриддин Айнӣ интихоб гардида буд, ки барои хизматҳои шоён дар назди халқу Ватан дар даврони истиқлолият нахустин шуда ба ӯ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.Таъкид шуд, ки беш аз 300 навоварӣ ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳо барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардидаанд ва ҳоло аксари онҳо дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химия, техникаи ҳисоббарор, геология ва тиб амалӣ мешаванд. Зикр шуд, ки ҳамчунин бояд ба тайёр кардани олимон ва мутахассисон дар соҳаҳои муосири илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ, аз ҷумла дар соҳаву бахшҳои зилзилашиносӣ, геоэкология, технологияи иттилоотӣ, биотехнология, генетика, энергетика ва иқлимшиносӣ таваҷҷўҳи махсус равона шавад. Президенти кишвар изҳори боварӣ намуд, ки нерўи зеҳнии халқи тоҷик имкон медиҳад, то олимони мо ин анъанаи некро идома дода, дар самтҳои гуногуни илм минбаъд ҳам парчамбардор бошанд.Президенти кишвар таъкид намуд, ки илми тоҷик дар марҳилаи кунунии пешрафт бо дастовардҳои тоза ба тоза ҷиҳати таҳкими созандагиву буёдкорӣ ва таҳкими истиқлоли миллӣ нақши муассир бояд бозад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда расонид, ки ҳаҷми унвонпулии узви пайваста (академик) ва узви вобастаи Академияи илмҳо, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 – уми январи соли 2002 мутаносибан дар ҳаҷми 100 ва 50 доллари амрикоӣ муайян гардида буд, 1 баробар зиёд шуда, аввалӣ ба 200 ва дуввумӣ ба 100 доллари амрикоӣ расонида мешавад. Аҳли толор ин иқдомро ҳамчун беҳтарин тӯҳфа ба ҷашни 60 солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карданд.Аз ҷониби Директори Пажўҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ядроии Федератсияи Русия Виктор Матвеев ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои нақши намоёнаш дар пуштибонӣ аз рушди илму техникаи муосир мукофоти олии ин муассисаи бонуфузи илмии Русия – медали тиллоӣ тақдим карда шуд.Зимни ин ҷамъомад ҳамчунин ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника дар соли 2011 ба барандагони онҳо тақдим карда шуд.

Ноябрь 18, 2011 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад