Фаъолияти гурӯҳи ташвиқотӣ

Ноябрь 23, 2011 15:01

Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Гурӯҳи ташвиқотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз 22 то 29 ноябр аз ноҳияҳои сарҳадии вилояти Хатлон (Қумсангир, Панҷ ва Ҳамадонӣ) дидан мекунад. Тавре дар маркази матбуоти Агентӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин тадбир бо мақсади татбиқи лоиҳаи «Роҳандозӣ намудани тадбирҳои огоҳонию ҷилавгирӣ ва тавзеҳотӣ» ҷиҳати густариши муборизаи зидди гардиши маводи нашъаовар амалӣ мешавад. Дар чорабиниҳои зидди маводи нашъаовар роҳбарони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, аъзои шӯроҳои ҳамоҳангсозии ноҳиявӣ оид ба ҷилавгирии нашъамандӣ, намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тиббӣ иштирок менамоянд.

Ноябрь 23, 2011 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад