Фаъолияти сохторҳои қудратии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар ҶТ барои афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон курсҳои панҷрӯзаи ибтидоӣ доир намуданд.Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи муборизаи зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари қочоқчиёни афғон бо василаи таҳким бахшидани нерӯи бунгоҳҳои асосии назоратӣ ва ташкили марказҳои ҳамкории марзӣ ба манзури такмили малакаҳои касбӣ ва тарбияи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ду кишвар рӯи кор оварда шуд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар, мақсад аз ин лоиҳа ташкили ду бунгоҳи назоратӣ дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон барои вусъат бахшидани муборизаи зидди маводи нашъаовар мебошад. Хотирнишон месозем, ки ба Маркази ҳамкории марзӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ шомиланд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






