Форуми байналмилалӣ
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз, 15 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми VII байналмилалии «Муколамаи забону фарҳангҳои ИДМ ва СҲШ дар қарни XXI» оғоз меёбад. Тавре дар Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Форум дар шакли иҷлосияҳои умумиву шӯъбавӣ сурат гирифта ва дар онҳо олимон, ходимони шинохтаи сиёсӣ ва ҷавонони боистеъдоди кишварҳои мухталиф ширкат мекунанд. Иштирокдорони форум ҷанбаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байнизабонии таҳкими ҳамкории кишварҳои ИДМ ва СҲШ-ро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Форум бо имзои Ёддошт дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши маърифати ҷаҳонии давлатҳои аъзои ИДМ ва қабули тавсияҳо анҷом меёбад. Ин чорабиниро Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ созмон додааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






