Форуми гастроэнтерологҳои ИДМ
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Олег Соболев). – Дар Ҳафтаи 17-уми ҳарсолаи гастроэнтерологияи Русия, ки дар шаҳри Маскав баргузор шуд, масъалаҳои муҳими назариявию амалияи табобати узвҳои ҳозима ва ҷигари инсон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аслан ин конгресси байналмилалии табибон буда ва ҳамасола олимони машҳури бисёр кишварҳоро ҷамъ меорад. Конгрессро президенти Ассотсиатсияи гастроэнтерологҳои Русия академики Академияи улуми тибби Русия Владимир Ивашкин бо сарсухан ифтитоҳ намуда, дастовардҳои назарраси гастроэнтерологияи муосирро ҳам дар Русия ва ҳам дар баъзе кишварҳои иттиҳод хотирнишон сохта, аз ҷумла Тоҷикистонро, ки олимонаш ҳар сол дар конгресс иштирок менамоянд, низ номбар кард.Соли ҷорӣ гурӯҳи мутахассисони намоёни Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи улуми тибби Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Пажӯҳишгоҳ, академик Ғиёсиддин Меҳроҷов дар кори Ҳафта иштирок доштанд.Академик Ғ. Меҳроҷов зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар», зикр намуд, ки ҳайати Тоҷикистон бо истифода аз комёбиҳои солҳои охир ба кори ин форум саҳми назаррас гузошт.Ба гуфти Ғ. Меҳроҷов, ин форум собит намуд, ки гастроэнтерологияи муосир дар боби ошкор намудани омилҳои хуруҷи бемориҳои узвҳои ҳозима, ҳамчунин тарҳрезии усулҳои нави муолиҷаи онҳо ба дастовардҳои бузург ноил шудааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






