Форуми намояндагони ВАО Аврупо ва Осиё
Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз, 21 ноябр, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Форуми шашуми васоити ахбори оммаи Аврупо ва Осиё ба кораш шурӯъ намуд. Тавре Агентии иттилоотии «Новости» — и Русия хабар медиҳад, дар форум беш аз 250 нафар роҳбарони васоити ахбори омма, шореҳон, сиёсатмадорон, коршиносон ва таҳлилгарони давлатҳои Аврупо ва Осиё ширкат доранд. Дар ҷараёни форум иштирокдорони он роҷеъ ба шабакаҳои бахши ёёёёёёёё иҷтимоӣ изҳори ақида намуда, масоили танзимоти давлатӣ дар интернетро мавриди муҳокима қарор дода, филми мустанади Никита Михалковро тамошо мекунанд. Барномаи форум иборат аз маҷлисҳои умумию шӯъбавӣ, мизҳои мудаввар ва иҷлосияҳо, ҳамчунин муаррифии маводи нави васоити ахбори омма мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






