Фуруди Боинг 737-900 дар Душанбе
Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Мавзуна Бойева).-24 ноябри соли 2011 ҳавопаймои навбатии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»- Боинг 737-900 дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад. Ин панҷумин ҳавопаймои ширкат мебошад, ки парвозҳои худро аз соли 2008 оғоз намудааст. Ҳавопаймо дар корхонаи тайёрасозии шаҳри Сиэтли Амрико бо фармоиши ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» омода шудааст. Муомилоти молиявиро ширкати “Сомон Капитал” ба ӯҳда дошт. Ҳавопаймо дорои 184 ҷойи нишаст буда, ба ҳавопаймои 737-800 монанд аст, аммо дарозиаш 2,8 метр зиёдтар мебошад ва аз ҷиҳати иқтисодӣ — сарфаи сӯзишворӣ хеле самаранок аст.Ҳавопаймо дар хатти парвозҳо ба самти хориҷаи дуру наздик истифода хоҳад шуд. Ба ҷуз скай интерер ва намуди дохилии ҳавопаймо, ки бо инобати хусусиятҳои миллӣ иҷро шудааст, системаи мултимедии ҳавопаймо низ хеле ҷолиб аст. Минбаъд мусофирони ширкат ҳангоми парвоз имкон доранд вақти худро бароҳат бо гӯш кардани мусиқӣ, тамошои филмҳои нав ва бозиҳо гузаронанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






