Гуфтугӯи телефонии Ҳамрохон Зарифӣ бо Залмай Расул

Ноябрь 17, 2011 17:09

Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 17 ноябри соли 2011 гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид.Зимни сӯҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, вазъ дар минтақа, ҳамкории ҳарду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайнро муҳокима карданд.Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд намуд, ки кишвари ӯ ба ҳамкории густурда бо Афғонистон дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ аҳамияти махсус медиҳад. Дар ин робита ба наздикӣ Намояндаи вижаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Афғонистон ва Покистон таъин шуд, ки ин амр минбаъд ба ҳамкории боз ҳам созанда мусоидат хоҳад кард. Ҳ. Зарифӣ ҳамчунин аз ҳамтои афғони худ хоҳиш намуд, ки ба масъалаи истирдоди маҳбусони тоҷик, ки дар ҳабсхонаҳои Афғонистон қарор доранд, суръат бахшида шавад. Дар навбати худ Залмай Расул иттилоъ дод, ки масъалаи мазкур мавриди баррасии роҳбарияти Афғонистон қарор дошта, имкон аст, ки дар мӯҳлати наздик яке аз маҳкумшудагон Яков Тсой ба Тоҷикистон баргардонида шавад.

Ноябрь 17, 2011 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд