Хабарҳо аз хориҷи кишвар
Дар нимҷазираи Синоъ қубури газе, ки тавассути он сӯзишворӣ аз Миср ба Исроилу Урдун расонида мешавад, тарконида шуд. Таркиш дар қитъаи назди қубури газ воқеъ дар 60 километраи қисми шарқии шаҳри Ал-Ариш рух дод. Мувофиқи маълумоти пешакии намояндагони хадамоти махсуси Миср, сабаби ин таркиш натиҷаи тахрибкорӣ будааст.**********Шоми 9 ноябр дар қисми шарқии Туркия заминларза рух дод, ки қуввааш баробари 5,7 балл буд. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, бар асари зилзила камаш 18 бино, аз ҷумла ду меҳмонхона хароб шудааст. Маркази заминларза дар шафати шаҳри Ван буд, ки 23 октябр дар он ҷо заминҷунбии шадиди қуввааш баробари 7, 2 балл ба қайд гирифта шуд.Бар асари ин зилзила 7 нафар ҳалок гардида ва 23 кас аз зери вайронаву хоктӯдаҳо берун карда шудааст.**********Додгоҳи олии Исроил ҳукми қаблан дар ҳаққи собиқ президенти кишвар Муше Катсав баровардашударо тасдиқ намуд. Мувофиқи ин ҳукм ӯ бояд 7 солро дар зиндон сипарӣ намояд.Муше Катсав моҳи марти соли 2011 ба чурми таҷовуз ба номус ва кирдорҳои дорои хусусияти ҷиноъӣ маҳкум шуда буд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






